Қабули довталабон ба театри Новосибирск

Июнь 24, 2014 09:10

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро ба Донишгоҳи давлатии театрии шаҳри Новосибирск барои таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои «Артисти театри лӯхтак», «Артисти театри драмавӣ», «Режиссёри театр» эълон менамояд. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2014 идома мекунад. 
Интихоб ва имтиҳони довталабон аз ҷониби мутахассисони муассисаи таълимии мазкур, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 
Довталабон санҷиши маҳорати касбиро рӯзи 10-уми июл дар Донишгоҳи давлатии театрии шаҳри Новосибирск месупоранд. 
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 

Июнь 24, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд