Қадаме ба сӯи ҳаёти солим
Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди нашъамандӣ аз 16 то 26 июни соли 2014 дар шаҳри Қайроққум “Даҳаи саломатӣ” эълон гардидааст.
Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, шуъбаҳои тандурустиву маорифи шаҳр бо ҷавонон ва наврасон дар лагерҳои истироҳатӣ семинарҳои омӯзишӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
19 июн дар толори “Кохи Истиқлол”-и шаҳри Қайроққум чорабинии маърифатию фарҳангӣ бо номи “Қадам ба сӯи ҳаёти солим” баргузор гардид. Дар чорабинӣ 260 нафар ҷавон аз корхонаву ташкилотҳо, хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






