Қонуни маорифро ба низоми ММТ мутобиқ намуданд
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июн ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Фахриддин Усмонов -муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки дар асоси банди 5-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 дар чумҳурӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф афзуд, ки низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз соли равон ҷорӣ шуда, ҳадафи он ба таври шаффоф, одилона ва бо истифода аз имконоти муосир ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбист. Фахриддин Усмонов таъкид кард, ки раванди имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар пурра аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Қабули лоиҳаи ин қонун барои беҳтар намудани раванди мазкур мусоидат менамояд.
Ҳамзамон Меҳроҷиддин Ҳакимов- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мегӯяд, ки гузариш ба низоми марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар рушди бахши маорифи кишвар афзалияти бештар дорад. Он ба ташкили имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик, шаффоф ва бо таъмини иштироки баробару озодонаи ҷавонон, ҳамчунин аз байн бурдани падидаҳои номатлуб, бахусус сӯйистифодаи мансаби хизматӣ, яъне коррупсия дар ҷараёни қабул мусоидат намуда, қадами ҷиддиест дар роҳи ташаккули бахши соҳаи маорифи кишвар.
Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки он ҳам ба таъсиси Маркази миллии тестӣ дар ҷумҳурӣ рабт дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






