Ҳадяи ИА ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ

Июнь 13, 2014 16:33

Душанбе, 13.062014.(НИАТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Иттиҳоди Аврупо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба маблағи 894 ҳазор евро таҷҳизоти техникӣ ҳадя намуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин таҷҳизот дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа» аз тарафи ширкати «КАНКОМ он лайн ГмбХ» ба ин Агентӣ тақдим гардид, ки аз 3 сервер, 110 манбаи таъмини доимии барқ, 4 кондитсионер, 78 ВПН (VPN), 850 ноутбук, 115 принтер ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд. Таҷҳизоти компютерии зикршуда бояд ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Акнун ҷиҳати ҳисоб кардани ҳаҷми нафақаи ҳар як нафар аз рўи пардохти маблағҳои суғуртавияш мудирияти низоми нафақа системаи нави иттилоотиро дар даст дошта, метавонад маълумоти заруриро ҷамъ, ҳифз ва коркард кунад.Мавриди ёдоварист, ки лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон» бо маблағи умумии 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона шуда, то охири соли 2014 давом хоҳад дошт. Дар оянда ингуна кумакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии рушди инсонӣ» (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома дода мешавад.

Июнь 13, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд