Ҳадяи Сафири Ҷопон ба Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши охири ҳафтаи гузашта беш аз 700 адад китобу маҷалла ва мусаввараҳое, ки дар он кишвари афсонавии Ҷопон инъикос ёфтаанд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.
Тавре котиби матбуоти китобхона Фотима Яқубова ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар маросими китобсупорӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов аз Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон барои туҳфаи китобҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои муштарак минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки китобҳои тақдимшуда гуногунсоҳа буда, дар шуъбаи адабиёти хориҷаи Китобхонаи миллӣ дар Гӯшаи Ҷопон барои истифодаи муштариён ва шахсоне, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши ин кишвари афсонавӣ доранд, нигоҳдорӣ мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






