Ҳайати Тоҷикистон ба Бразилия меравад

Июнь 10, 2014 15:42

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – Ноиби  аввали  президенти  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Хуршед  Мирзоев,  дабири  кулли Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Ислом  Маҳмадшоев ва раиси  Федератсияи  футболи  шаҳри Душанбе,  узви  Кумитаи  иҷроияи  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Дилшод  Ҷӯраев  дар  Конгресси  ғайринавбатии  Конфедератсияи  футболи  Осиё ва Конгресси  64 – уми ФИФА, ки  9 – 11  июн  дар  Бразилия баргузор  мешаванд, иштирок  менамоянд.
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,    ҳайати  ФФТ,  чун  ҳамаи  иштирокдорони  дигари  Конгресс,  ба  маросими  ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон – 2014 ва вохӯрии байни дастаҳои Бразилия ва  Хорватия, ки 12  июн  баргузор  мешаванд,   даъват  шудаанд.

Июнь 10, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш