Ҳалокати ноболиғ аз лату кӯби ҳамсолонаш
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, 30 майи соли ҷорӣ сокини 57 — солаи пойтахт Шамсиддин Зарипов ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки ҳамон рӯз, тахминан соати 20:00 дақиқа, дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ, шахсони номаълум писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро зери лату кӯб қарор дода, сипас бо олоти буранда ба қисми шиками ӯ ҷароҳат расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, писари ноболиғаш аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Сарчашма зикр менамояд, ки барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби кормандони милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил шуда, рӯзи дигар, яъне 31-уми май, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ нӯҳ нафар ноболиғони 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванди 19 — сола Баҳрулло Асоев, сокинони шаҳри Душанбе дастгир шуданд.
Дар айни ҳол нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






