Ҳамкорӣ баҳри рушди картошкапарварӣ

Июнь 5, 2014 16:09

Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл  мулоқоти вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Колнаг»-и Федератсияи Русия  Алексей  Василевич Алдошкин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар иброз намуд, ки ҳамкорӣ миёни ҶСП «Колнаг»-и Федератсияи Русия  ва кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор дар самти дастрас намудани  техника ва таҷҳизоти техникии махсус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад гашт. Ҳамзамон зикр гардид, ки парвариш, захира ва фурӯши маҳсулоти барвақтии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содирот, аз ҷумла сабзавоти тару тозаи барвақтӣ- картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва турб ба вилоятҳои Свердловск ва Тюмени Федератсияи Русия  талаботи замон буда, Вазорати кишоварзӣ ҷонибдори рушди ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.
Ширкати мазкур тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои кишоварзон техника ва таҷҳизоти махсусро барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, парвариши картошкаи тухмӣ, махсусан дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод ворид намуд. Кишоварзони хоҷагиҳои номбурда бо истифода аз техника ва тухмиҳои хушсифати картошкаи хушсифати ширкати мазкур ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. 
 

Июнь 5, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик