Ҳамкорӣ баҳри рушди картошкапарварӣ
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл мулоқоти вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Колнаг»-и Федератсияи Русия Алексей Василевич Алдошкин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар иброз намуд, ки ҳамкорӣ миёни ҶСП «Колнаг»-и Федератсияи Русия ва кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор дар самти дастрас намудани техника ва таҷҳизоти техникии махсус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад гашт. Ҳамзамон зикр гардид, ки парвариш, захира ва фурӯши маҳсулоти барвақтии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содирот, аз ҷумла сабзавоти тару тозаи барвақтӣ- картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва турб ба вилоятҳои Свердловск ва Тюмени Федератсияи Русия талаботи замон буда, Вазорати кишоварзӣ ҷонибдори рушди ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.
Ширкати мазкур тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои кишоварзон техника ва таҷҳизоти махсусро барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, парвариши картошкаи тухмӣ, махсусан дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тоҷикобод ворид намуд. Кишоварзони хоҷагиҳои номбурда бо истифода аз техника ва тухмиҳои хушсифати картошкаи хушсифати ширкати мазкур ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






