Ҳамкории шаҳрвандон бо ВКД
Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ҷиноятҳои ахлоқӣ бетараф набуда, барои пешгирӣ, ошкор ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мубориза бурдан бар зидди ҷиноятҳои марбут ба ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ, занҷаллобӣ, фоҳишагӣ, ҳаракатҳои бадахлоқона ва дигар ҷиноятҳои ахлоқӣ тамоми чораҳоро меандешад.Дар ин радиф ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш дорад, ки дар сурати пайдо кардани иттилоъ оид ба чунин ҷиноятҳо тавассути «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, почтаи электронии Вазорати корҳои дохилӣ: vkd.tj@mail.ru ва сомонаи расмии ВКД www.vkd.tj, ё www.mvd.tj метавонанд ба таври ошкоро ва ё махфӣ (анонимно) хабар диҳанд ва ё шарҳҳои худро фиристанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






