Ҳамоиши оммавӣ бар зидди нашъамандӣ
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз аз соати 17 то 19 -30 дақиқа дар саҳни майдони 800- солагии Маскав бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор ҳамоиши оммавӣ баргузор мегардад. Ҳамоиш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.Тавре ки сардори бахши робита бо ҷомеаи Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ёқубов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиш бо мақсади муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб барпо мешавад. Ёдовар мешавем, ки 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






