Ҳаракат дар нақби «Озодӣ» то охири моҳ қатъ гардид
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бинобар оғоз ёфтани корҳои нави сохтмонӣ дар қитъаҳои зарардидаи нақби «Озодӣ» («Шар — шар») яъне қиррезӣ дар даромадгоҳҳои нақб аз қисми ҷанубу шимол, ҳаракати нақлиёти автомобилӣ аз 3 июн то охири моҳ қатъ гардидааст. Сардори Сарраёсати хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ Аловуддин Аноятшоев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки корҳои зикршударо дар ин нақб Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин анҷом медиҳад. Қобили зикр аст, ки корҳо барои татбиқи лоиҳаи сохтмони нақби «Шар – шар» соли 2006 оғоз ёфта ва он соли 2009 дар вазъияти ботантана бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2014 нақби «Шар – шар» бо унвони «Озодӣ» номгузорӣ шуд. Масофаи нақб 2 километру 223 метрро ташкил медиҳад. Ҳукумати Чин барои сохтмони он ба маблағи 38 миллион доллар қарзи дарозмӯҳлат ҷудо кард. Дар яке аз қитъаҳои роҳи сӯи нақб пули тулаш 178 метр бунёд шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






