Ҳаракати воситаҳои наклиёт махдуд карда мешавад
Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба шаҳри Душанбе, 10 июн аз соати 09:00 то 16:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то Майдони 800-солагии Москва, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Шероз дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.11 июн бошад аз соати 08:30-дақиқа то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Карамов то фурӯдгоҳ, хиёбони И.Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Дӯстии Халқҳо аз кӯчаи Нисори Муҳаммад то хиёбони Айнӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Шотемур, Бухоро ва Мастонгулов истифода намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






