Ҳилола-барандаи идрорпулии Ломоносов
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Донишҷӯйи соли сеюми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Ҳилола Исоматдинова барандаи идрорпулии М. В. Ломоносов гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон аз ҷониби устодони варзидаи донишгоҳҳои олии кишвар интихоб шуда, ҳадаф аз баргузории он баланд намудани мақоми забони русӣ ва ҳамчунин қадршиносии нафароне, ки дар ин ҷабҳа заҳмат мекашанд, мебошад.
Барандаи ин идрорпулӣ донишҷӯи соли сеюми шуъбаи рӯзонаи факултети филология Ҳилола Исоматдинова яке аз донишҷӯёни фаъолу намунавӣ шинохта шуда, пайваста дар озмуну конфронсҳои илмӣ иштирок менамояд.
Шаҳодатнома ва маблағ ба Ҳилола Исомаддинова дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Бунёди «Институти тадқиқотии Авруосиё» Хуршеда Содиқова супорида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Ҳилола Исомаддинова дар тӯли як нимсолаи хониш ҳар моҳ 100 доллари ИМА, дар маҷмӯъ 500 доллар маблағ мегирад.
Дар ин бора ба мо сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






