Ҳисоботи телефонии раисони як қатор ноҳияҳои Хатлон ба Президент
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкур дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шуниданд.Президенти мамлакат ба раисони ноҳияҳои зикршуда доир ба тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин супоришҳои мушаххас доданд.Ҳамзамон бо ин, Роҳбари давлат масъалаи корҳои ободонии ноҳияҳои зикршуда, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона ва бунгоҳҳои саломатиро таъкид намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






