Ҳодисаи нохуш аз ҷониби ронандаи ноболиғ
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Рӯзи 31 май, соати 13.50-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “Toyota — Korolla” ноболиғи 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода, хонандаи синфи 10-уми гимназияи шаҳри Душанбе, мошини падарашро бе шаҳодатномаи ронандагӣ дар шоҳроҳи Турсунзода-Душанбе ба самти шаҳри Душанбе идора намуда, дар километри 48,9-и роҳ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Opel — Astra” таҳти идораи ронанда Умаралӣ Шеров, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “ Opel — Astra ” Умаралӣ Шеров аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофиронаш Саидмаҳмад Шеров, соли таваллудаш 1966, Мансур Шеров, соли таваллудаш 1989, Акбар Шеров, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандагони ҳамин ноҳия ва ронандаи мошини “ Toyota — Korolla ” ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки ронандаи мошини тамғаи “ Opel — Astra ” Комилхуҷа Хоҷаев, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда Комилхӯҷа Хоҷаев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






