Ҳосили хуби ғалла дар Кӯлоб

Июнь 26, 2014 11:33

Кӯлоб, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов).-Бо мақсади  рушди    соҳаи кишоварзӣ  ва самаранок  истифода бурдани  ҳар як қитъа замини  корам  соли равон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  97 хоҷагии деҳқонӣ  таҷдид  ва дар заминаи  166 хоҷагӣ дар давоми ду соли охир  828  хоҷагии хурди  оилавӣ  таъсис дода шуд.  Барои зиёд намудани истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ,  аз ҷумла зироати ғаладонагӣ  мавсими тирамоҳи соли 2013 — ум дар хоҷагиҳои  ноҳия  дар майдони умумии 3665 гектар  кишти ғалла гузаронида шуд ва имрӯзҳо  аҳли заҳмати  деҳоти Кӯлоб, Зарбдор  ва қисман  хоҷагиҳои деҳқонии  Зиракӣ  ба ҷамъоварии ғалла шуруъ намудаанд. Аз ҳисоби  интихоби  тухмии  хушсифат,  риояи тадбирҳои  агротехникӣ  ва мусоид омадани  мавсими баҳор  имсол низ  ҳосили ғалла  дар заминҳои корами обӣ  зиёда аз 50  сентинериро  ташкил дод.  
 

Июнь 26, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш