Ҳ.Шодиев — сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Июнь 4, 2014 13:39

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). — Федератсияи  футболи  Тоҷикистон Ҳусейн  Шодиевро ба ивази  Дамир  Камолиддинов сармураббии дастаи  мунтахаби миллии  кишвар  оид ба  футзал таъин  кард.
Хотиррасон  мекунем, ки  Дамир  Камолиддинов  баъди  дар  мусобиқоти  Осиё — 2014 дар  Ветнам  ноком  шудани  дастаи  мунтахби  кишвар аз  вазифааш  озод  карда шуд. Тавре  ки  маълум  аст,   дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар  мусобиқоти  зикршуда  бозиҳоро бо  ҳисоби 0:5 ба  дастаи  Кувайт,  бо  ҳисоби 4:10  ба   дастаи  Ветнам  ва  бо  ҳисоби  1:6 ба  дастаи  Ироқ  бохта  буд. 
Пайрав  Воҳидов муовини сармураббии  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон,  Акбар  Абдуллоев  маъмури нави  дастаи  мунтахаб  ва Даврон  Олимов  духтури  даста таъин  шуданд. 
Раёсати Кумитаи  иҷроияи  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  ба сармураббии  нав  супориш  дод, ки  дар  ҳамаи  мусобиқоти байналмилалӣ ва  дар  қисми  ниҳоии   мусобиқоти  Осиё  муваффақона  ҳунарнамоӣ  кардани  дастаи  мунтахабро  таъмин  намояд. 

Июнь 4, 2014 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд