Ҳуқуқи шаҳрвандон барои шикор муайян шуд
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – 2 июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикоркунӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ки аз парлумони кишвар хабар доданд, лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию иқтисодии рушди хоҷагии шикоркуниро муайян мекунад.
Дар қонун ҳамчунин тадбирҳои ҳифзу таҷдиди популятсияи ҳайвоноти ваҳшӣ, ҷойҳои доимии зисти онҳо, ҳамчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои шикор муайян карда шуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ», «Дар бораи судҳои ҶТ», ҳамчунин ислоҳот ба қонун «Дар бораи алоқаи почта» низ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






