Ҳукумати шаҳр сохтмонҳои ғайрқонуниро аз байн мебарад

Июнь 16, 2014 11:24

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). —  Назар ба  хабари   котиби  матбуоти  раёсати  пойтахт  Шавкат  Саидов,  дар  пойтахти  кишвар  то  охири  моҳи  август  тафтишот   барои  аз  байн  бурдани   сохтмонҳои  ғайриқонунӣ,  аз ҷумла  танӯрҳои  нонпазӣ  сурат  мегирад. 
Мувофиқи  суханони  мавсуф,  ин  иқдомот  бо  иштироки  аъзои  комиссияе роҳандозӣ  мешавад, ки ба он  сармеъмори  шаҳр,  намояндагони  ҳукуматҳои  чор  ноҳияи  пойтахт,   кормандони хадамоти  манзилию  коммуналӣ ва  раёсатҳои биноҳои  истиқоматӣ  шомиланд.
«Аъзои комиссияи  мазкур  ба  тафтиши  маълумот  дар  бораи  сохтмонҳои  ғайриқонунӣ  машғул  шуда,  маҳаллаю  ноҳияҳои  шаҳрро  тафтиш намуда,  дар  машваратҳои  маъмурияти  пойтахт  иштирок  карда, аз  кори  иҷрошуда ба  раиси  шаҳр  ҳисобот  медиҳанд»,  — қайд  намуд  манбаъ.
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  мақсад  аз  ин  чорабиниҳо  ободонии  пойтахт  дар  арафаи  90 – солагии  ҷашни  шаҳри  Душанбе  мебошад. 

Июнь 16, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст