Ҳукумати шаҳр сохтмонҳои ғайрқонуниро аз байн мебарад
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — Назар ба хабари котиби матбуоти раёсати пойтахт Шавкат Саидов, дар пойтахти кишвар то охири моҳи август тафтишот барои аз байн бурдани сохтмонҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла танӯрҳои нонпазӣ сурат мегирад.
Мувофиқи суханони мавсуф, ин иқдомот бо иштироки аъзои комиссияе роҳандозӣ мешавад, ки ба он сармеъмори шаҳр, намояндагони ҳукуматҳои чор ноҳияи пойтахт, кормандони хадамоти манзилию коммуналӣ ва раёсатҳои биноҳои истиқоматӣ шомиланд.
«Аъзои комиссияи мазкур ба тафтиши маълумот дар бораи сохтмонҳои ғайриқонунӣ машғул шуда, маҳаллаю ноҳияҳои шаҳрро тафтиш намуда, дар машваратҳои маъмурияти пойтахт иштирок карда, аз кори иҷрошуда ба раиси шаҳр ҳисобот медиҳанд», — қайд намуд манбаъ.
Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз ин чорабиниҳо ободонии пойтахт дар арафаи 90 – солагии ҷашни шаҳри Душанбе мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






