Ҷаласаи ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода ). – 18 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи оид ба ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарии ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сардори бахши Хадамоти аврупоӣ дар Осиёи Марказӣ Риина Кионка ва ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев ба ӯҳда доштанд.
Саидраҳмон Назриев зимни суханрониаш зикр намуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони асосии тиҷоратии худ мешуморад. Имрӯз ҷумҳурӣ бо қариб ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо робитаҳои тиҷоратӣ дорад. Соли 2013 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 534 миллион долларро ташкил дод, ки ин баробари 10 фоиз муомилоти умумии моли ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ҷонибҳо масъалаи дар давраи нави буҷавӣ аз соли 2014 то соли 2020 идома додани барномаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар назар аст, ки минтақа аз Иттиҳоди Аврупо баробари як миллиард евро кӯмаки молиявӣ мегирад, ки аз ҷумлаи он қариб 250 миллион евро барои рушди тандурустӣ, маориф ва кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






