Ҷаласаи ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Июнь 19, 2014 11:15

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Раъно  Нусратуллозода ). – 18  июн  дар  шаҳри  Душанбе  ҷаласаи  сеюми   Кумитаи оид ба  ҳамкории  байни Иттиҳоди  Аврупо ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.  Дар  ҷаласа   роҳбарии  ҳайати  Иттиҳоди   Аврупоро  сардори  бахши Хадамоти  аврупоӣ  дар Осиёи  Марказӣ  Риина  Кионка  ва ҳайати  Тоҷикистонро  муовини  вазири   рушди  иқтисод  ва  савдо  Саидраҳмон  Назриев  ба  ӯҳда  доштанд. 
Саидраҳмон  Назриев  зимни  суханрониаш  зикр  намуд, ки Тоҷикистон Иттиҳоди  Аврупоро  яке  аз  шарикони  асосии тиҷоратии  худ  мешуморад. Имрӯз ҷумҳурӣ  бо қариб  ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди  Аврупо  робитаҳои  тиҷоратӣ  дорад. Соли  2013  муомилоти савдои  хориҷии  Тоҷикистон  бо  кишварҳои  Иттиҳоди  Аврупо  534  миллион  долларро  ташкил дод, ки  ин  баробари 10  фоиз  муомилоти  умумии  моли ҷумҳурӣ  ба  шумор  меравад.
Ҷонибҳо  масъалаи  дар  давраи   нави буҷавӣ  аз  соли  2014 то соли  2020 идома додани  барномаи Иттиҳоди  Аврупо  дар  Осиёи  Марказиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд. Дар  назар  аст, ки  минтақа  аз  Иттиҳоди  Аврупо баробари  як  миллиард  евро  кӯмаки  молиявӣ мегирад, ки  аз ҷумлаи он  қариб  250  миллион  евро  барои рушди  тандурустӣ,  маориф ва  кишоварзии  Тоҷикистон  пешбинӣ  шудааст.

Июнь 19, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш