Ҷаласаи роҳбарони Хадамоти сарҳадии давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар»). – 25 ва 26 июн дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи сеюми роҳбарони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон, муовини дабири кулли СҲШ, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ва мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ ширкат доштанд.Ҷонибҳо перомуни вазъияти сарҳадоти давлатҳои аъзои СҲШ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни татбиқи қарорҳои Шӯрои СҲШ аз рӯи лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳуми давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили сарҳадотро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷониби Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаро аз лоиҳаи таъмини амнияти сарҳад бо назардошти аз Афғонистон хориҷ шудани Қувваҳои байналмилалии мусоидати Афғонистон, ҷараёни роҳандозии амалиёти муштараки Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ таҳти унвони «Шарқ – 2014» воқиф намуд.Иштирокдорони мулоқот Нақшаи кори гурӯҳи коршиносони Хадамоти сарҳадии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2015 – ро маъқул ёфтанд. Ҷонибҳо ба манзури муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо ҷиҳати муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, нашъаҷаллобӣ ва зуҳуроти дигари ҷинояткорона тасмим гирифтанд, ки барои таъмини амнияти сарҳадот якҷоя тадбирҳо андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






