Ҷаласаи роҳбарони идораҳои зиддимухадиротӣ
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар Душанбе Ҷаласаи панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро доранд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони идораҳои зиддимухадиротии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Чин ва Федератсияи Русия, ҳамчунин Котиби генералии СҲШ Д. Мезенцев ва муовини директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитерористии минтақавии СҲШ Т. Мусобоев иштирок ва баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои таҳким додани ҳамкории зиддимухаддиротӣ, интиқоли фаромиллии гурӯҳи афюнӣ ва канабис, қочоқи маводи нашъаовари синтетикӣ, ба муомилоти ғайриқонунӣ ворид шудани маводи кимиёвӣ (прекурсорҳо) ва таҳияи Барномаи амал оид ба иҷроиши Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мақсади асосии чорабинӣ- мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, андешидани тадбирҳои нав барои муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи прекурсорҳо, муттаҳид намудани кӯшишҳои давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъаовар арзёбӣ гардид.
Тарафҳо оид ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мешаванд, бо дарназардошти вазъияти тағйирёбанда дар минтақаи ҳамшафати кишварҳои узви давлатҳои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Ба ҳайати гурӯҳҳои кории ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро доранд, тағйирот ворид намуданд.
Аз рӯи натиҷаи чорабинӣ Протоколи мутобиқ ба имзо расида, дар он тарафҳо қарор намуданд, ки Нақшаи чорабиниҳоро оид ба таҳияи Барномаи амал нисбат ба иҷроиши Стратегияи зиддимухадиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2015-2016 коркард намоянд, инчунин лоиҳаи Стратегияи зиддимухадиротии давлатҳои узви СҲШ-ро коркард намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






