Ҷаласаи Шӯрои иттилоотии ИДМ дар Остона баргузор мешавад
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 24 то 25 июн дар шаҳри Остона баргузор мегардад. Назар ба хабари хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа 6 масоил, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои муштарак дар ҳошияи Шӯрои иттилоотии ИДМ ва Анҷумани иттилотии миллӣ баррасӣ мешаванд.Хотирнишон месозем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1995 таъсис ёфта буд, ки ба он роҳбарони агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Русия шомиланд.Мақсад аз таъсиси Шӯро муайян кардани механизми фаъоли табодули озоди иттилоот, таъмини ҳамкории кишварҳои ИДМ дар бахши иттилоот, таҳкими мушорикати иттилоотӣ, фароҳам овардани шароити доду гирифти озоди иттилоот мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






