Ҷалби магистрантон ба донишгоҳҳои Олтой
Душанбе,03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, шуъбаи магистратура ва Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори Раёсат барномаҳои магистрии донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Олтой, Академияи давлатии педагогии Олтой ва Донишгоҳи давлатии техникии Олтой муаррифӣ гардид, ки дар чорабинӣ хатмкунандагони донишгоҳ иштирок карданд. Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар ҷамъомад муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Абдуҳафиз Азизов сухан гуфта, ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкурро шарҳ дод. Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, котиби масъули комиссияи қабули Академияи давлатии педагогии Олтой Юлия Королкова, номзади илмҳои фалсафа, муовини мудири кор бо аспирантон ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳи давлатии Олтой Олга Кунгурова, Екатерина Крапивина, директори оҷонсии тараққиёти робитаҳои иқтисодӣ дар бораи таърихи дирӯзу имрӯзи донишгоҳҳои худ маълумоти пурра доданд. Дар ҷараёни нишаст намояндагони донишгоҳҳои номбурда бо хатмкунандагон саволу ҷавоб карда, масоили вобаста ба дохилшавӣ дар магистратураи Донишгоҳҳои Федератсияи Русия, имконоти ройгони таҳсил дар ин донишгоҳҳо, таъмини хобгоҳ ва идрорпулии моҳона ва ғайраро иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки донишҷўёне, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намудаанд, метавонанд дар Донишгоҳҳои кишвари Олтой ройгон таҳсилро идома бахшанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






