Ҷамъоварии ғалла дар ҷануби Тоҷикистон оғоз ёфт

Июнь 16, 2014 11:27

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). – Назар  ба  хабари  дафтари  матбуоти Вазорати кишоварзии  кишвар,  дар  вилояти  Хатлон, ки соли  ҷорӣ   дар  масоҳати  беш  аз 16  ҳазор  гектар зироатҳои ғалла  кишт  шуда буд, ҷамъоварии  ҳосил  оғоз  ёфт. 
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  қисми  асосии ҳосилро гандум  ва ҷуворимаккаю  шолӣ ташкил  медиҳад. Соли  ҷорӣ  дар  Тоҷикистон  барои кишти зироатҳои баҳорӣ  108,8  ҳазор  гектар   замин  ҷудо  карда шудааст, ки  назар  ба  нишондодҳои  соли  гузашта баробари  4,1  ҳазор  гектар  зиёд  аст. Имсол  дар  ҷумҳурӣ  ҷамъоварии  1  миллиону  300  ҳазор  тонна  ғалла  дар  назар  аст.

Июнь 16, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш