Ҷашнвораи «Сайри лола» дар Новосибирск
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — 9 июн дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Ҷашнвораи байналмилалии «Сайри лола» баргузор мегардад.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират хабар медиҳад.
Ҷашнвораи «Сайри лола» бо ибтикори ҷамоаи тоҷикон дар вилояти Новосибирск таъсис ёфта, дар мавсими шукуфтани гули лола роҳандозӣ мешавад. Одатан ба ин чорабинии идона намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини минтақа даъват карда мешаванд.
Дар ҳошияи фестивал барномаҳои консертӣ намоиш дода, мусобиқоти варзишӣ ташкил мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






