Ҷоизони нави озмунҳои донишҷӯён

Июнь 17, 2014 13:07

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона  Достонзода). — Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  маросими  супурдани  дипломҳои  ҷоизони   озмунҳои  донишҷӯён  ба  номи  Д.Менделеев  ва М.Ломоносов баргузор гардид. 
Тавре  ки  аз Намояндагии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  АвруОсиё» дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  донишҷӯёни  беҳтарини  донишкадаҳои  асосии олии Тоҷикистон  ғолибони  озмун  гардиданд.
Ҷоизони  озмунҳо тайи  тамоми давраи  таътил  ҳар  моҳ  чун  мукофот  сад долларӣ  мегирифтанд.
Дар  вилояти  Суғд  низ маросими ботантанаи  супурдани дипломҳои  идрорпулиишахсӣ баргузор гардид. 
Қобили  зикр  аст, ки  дар  давраи  аз  соли  2006 то  соли  2012 — ум  90  нафар  донишҷӯён  идрорпулии  шахсӣ гирифтанд. 
Хотирнишон  месозем, ки то  имрӯз 38  нафар донишҷӯёни  донишкадаҳои олии  ҷумҳурӣ ҷоизони  озмунҳои ба  номи  М.Ломоносов  ва  Д.Менделеев  гардидаанд.

Июнь 17, 2014 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик