Ҷоизони нави озмунҳои донишҷӯён
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маросими супурдани дипломҳои ҷоизони озмунҳои донишҷӯён ба номи Д.Менделеев ва М.Ломоносов баргузор гардид.
Тавре ки аз Намояндагии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти АвруОсиё» дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишҷӯёни беҳтарини донишкадаҳои асосии олии Тоҷикистон ғолибони озмун гардиданд.
Ҷоизони озмунҳо тайи тамоми давраи таътил ҳар моҳ чун мукофот сад долларӣ мегирифтанд.
Дар вилояти Суғд низ маросими ботантанаи супурдани дипломҳои идрорпулиишахсӣ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки дар давраи аз соли 2006 то соли 2012 — ум 90 нафар донишҷӯён идрорпулии шахсӣ гирифтанд.
Хотирнишон месозем, ки то имрӯз 38 нафар донишҷӯёни донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ҷоизони озмунҳои ба номи М.Ломоносов ва Д.Менделеев гардидаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






