Ҷойгоҳи Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо
Душанбе, 10.06.2014. («АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 600- солагии шоир, мутафаккир, файласуф ва донишманди бузурги адибиёти тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ 3-4 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои муовини ректори донишгоҳ оид ба илм Матлуба Хоҷаева ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш пеш аз ҳама мусоидати ҳарчӣ бештар дар пажуҳиши рӯзгору осор, афкор ва андешаҳои адабиву ирфонӣ, фалсафиву ахлоқии шоир, инчунин баррасии авзои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ ва адабии асри Ҷомӣ, ҷараёнҳои фикриву адабӣ дар ин аҳд, нусхашиносӣ, тарҷума ва нашри осори адиб ва амсоли инҳо буда, дар он муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ҷалб мешаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






