Ҷомӣ- пешвои аҳли илму адаб

Июнь 6, 2014 09:40

Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Ҷомӣ он офтоби нуронӣ»- таҳти чунин унвон дирӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ доир гардид. Шоирону нависандагон ва адибони тоҷик низ дар ҷараёни ин маҳфил ширкат карда, барномаи фарҳангии омодакардаи мактаббачагонро тамошо карданд.
Тавре ки аз баромади мактаббачагон аён гардид , онҳо дар бораи ҳаёту фаъолият ва саргузашту эҷодиёти пурғановати Абдураҳмони Ҷомӣ маълумоти муфассал доранд.
Гуфта мешавад, ки дар оғози маҳфил тарҷумаи ҳол, баъдан эҷодиёти гаронарзиш ва таъсиру аҳамияти ҳар як панду насиҳати ин шахсияти арзишманди миллат барои пеш бурдани зиндагии инсонҳо аз ҷониби наврасон ёдовар гардид. Ҳамчунин шеъру порчаҳо аз осори пурғановати Абдураҳмони Ҷомӣ қироат гардида, аз рӯи асарҳои то ба замони мо расидаи ӯ саҳначаҳои ҷолиб пешниҳод  шуданд. 
Дар фарҷом ҳозирин дар мавзӯоти «Ҷомӣ пешвои аҳли илму адаб», «Ҷомӣ ва осори рангини ӯ», «Аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқии мероси адабии Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Атри суханаш ҳанӯз боқист» маърӯзаҳо хонда шуданд. 
 

Июнь 6, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе