Ҷомӣ- пешвои аҳли илму адаб
Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Ҷомӣ он офтоби нуронӣ»- таҳти чунин унвон дирӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ доир гардид. Шоирону нависандагон ва адибони тоҷик низ дар ҷараёни ин маҳфил ширкат карда, барномаи фарҳангии омодакардаи мактаббачагонро тамошо карданд.
Тавре ки аз баромади мактаббачагон аён гардид , онҳо дар бораи ҳаёту фаъолият ва саргузашту эҷодиёти пурғановати Абдураҳмони Ҷомӣ маълумоти муфассал доранд.
Гуфта мешавад, ки дар оғози маҳфил тарҷумаи ҳол, баъдан эҷодиёти гаронарзиш ва таъсиру аҳамияти ҳар як панду насиҳати ин шахсияти арзишманди миллат барои пеш бурдани зиндагии инсонҳо аз ҷониби наврасон ёдовар гардид. Ҳамчунин шеъру порчаҳо аз осори пурғановати Абдураҳмони Ҷомӣ қироат гардида, аз рӯи асарҳои то ба замони мо расидаи ӯ саҳначаҳои ҷолиб пешниҳод шуданд.
Дар фарҷом ҳозирин дар мавзӯоти «Ҷомӣ пешвои аҳли илму адаб», «Ҷомӣ ва осори рангини ӯ», «Аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқии мероси адабии Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Атри суханаш ҳанӯз боқист» маърӯзаҳо хонда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






