Ҷоми Каспий насиби кӣ шуд?

Июнь 4, 2014 10:39

Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Рӯзи 3-юми июн мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи IV байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку дар даври ниманиҳоӣ аз Туркия шикаст хӯрд.
Дар он футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Тӯби ягонаро футболбозони турк дар дақиқаи 67-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд. 
Тавре  ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дастаи Эрон тими наврасони Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. 
Мавриди зикр аст, ки  рӯзи 5-уми июн миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми савум ва чаҳорум баргузор мешавад. Худи ҳамин рӯз дастаҳои Туркия ва Эрон барои ҷойҳои аввал ва дувум бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
 

Июнь 4, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд