14,6 миллион $-и ФБРК ба Тоҷикистон

Июнь 25, 2014 14:41

                  Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) барои  рушди соҳаи чорводории Тоҷикистон 14,6 миллион  $ маблағи грантӣ ҷудо менамояд. Дар ин росто 25 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон вакилон  Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ  оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-ро ба тасвиб расонданд.  
      «Ин Созишнома 5 августи соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Душанбе ба имзо расидааст», гуфт Ҷамолиддин Нуралиев -муовини аввали  вазири молияи ҷумҳурӣ. Лоиҳаи мазкур аз моҳи сентябри соли 2012 оғоз гардида, сентябри соли 2017 ба анҷом расонида мешавад. Ин лоиҳа дар 7 навоҳии ҷануби Тоҷикистон — Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод  Муъминобод, Восеъ, Темурмалик ва Фархор, ки аҳолияшон бештар ба чорводорӣ машғуланд, татбиқ мегардад. 
       Ҳадафи лоиҳаи мазкур мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи  истеҳсоли маводи ғизоӣ ва даромади 22 ҳазору 400 хонавода  тавассути афзоиши маҳсулнокии  чорводорӣ дар  навоҳии мазкур мебошад. Бо татбиқи лоиҳа саршумори чорво афзун гардида, механизми  мукаммали идораи чарогоҳҳо ҷорӣ  мешавад. Инчунин дар ҷараёни татбиқи лоиҳа дастгирии занон дар коркард ва фурӯши маҳсулоти чорво низ пешбинӣ гардидааст.  Бо мақсади сари вақт ва самаранок амалӣ гардонидани  лоиҳа бо Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Муасссисаи давлатии маркази идораи  рушди идораи чорводорӣ  ва чарогоҳҳо таъсис дода шуда,  Вазорати кишоварзии мамлакат агенти иҷроияи лоиҳа маҳсуб меёбад. 
   Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ташкили беш аз 100 ҷамъияти истифодабарандаи чарогоҳҳо дар сатҳи ҳар як деҳаи ноҳияҳои интихобшуда, сохтмони  56  клиникаи ветеринарӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизот, сохтмон ва барқарорсозии қубурҳои  оби нӯшокӣ, хариди мошинолоти кишоварзӣ, гузаронидани хати қувваи барқ, сохтмони кӯпрукҳои хурд, таъминот бо нақлиёти кишоварзӣ,  хариди чорвои хушзот, идораи чарогоҳҳо амалӣ мешавад.
 

Июнь 25, 2014 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд