15-солагии АНМН муборак!

Июнь 2, 2014 09:25

Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ Рустам Назаров ва кормандони он иштирок намуданд.
Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.
Сипас дар толори агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар  он намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Жан Люк Лемахю, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон Ғ. Анарбаев, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Алӣ Сарияздӣ, роҳбари шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Марк Вуд, намояндаи расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар ҶТ М.Х. Килясханов иштирок намуданд.
Ба ҳозирин табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15-солагии таъсисёбӣ қироат карда шуд.
Меҳмонон роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд.
Ба кормандони фаъоли агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Июнь 2, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад