5 голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз»
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 29-уми май ба поён расиданд. Ёдовар мешавем, ки бозӣ миёни ду дастаи пешсаф дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи дастаи — «Парвоз» -и Бобоҷон Ғафуров панҷ голи беҷавоб зад. Голҳоро Дэвид Мауто, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Умедҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд Бояд зикр кард, ки дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Равшан» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, бо 14 имтиёз дар ҷадвал ба ҷойи дувум баромад. Голҳои «Хуҷанд»-ро Чарлз Теко, Фирӯз Юсуфов ва Манучеҳр Аҳмадов ба самар расонданд. Ҳарду голи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расонид. Ногуфта намонад ,ки дар бозии дигари даври 7-ум «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 13 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






