7 медали варзишгарони тоҷик дар ҷашнвораи XI дзюдо
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи XI байналмилалии дзюдо байни наврасону ҷавонон дар Барнаули Русия ҳафт медал ба даст оварданд. Тавре Дилшод Абдураҳимов, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, дар ин мусобиқа, ки аз 2-юм то 5-уми июн баргузор шуд, беш аз 800 варзишгари ҷавон аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ширкат доштанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 17 гӯштингир намояндагӣ карданд.Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони ҷавони тоҷик — Ҷамшед Сулаймонов (вазни 46 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (50 кг), Муҳаммад Мирзоев (73 кг) ва Темур Раҳимов (+81 кг) — ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд. Нуроншо Бодомаев дар вазни 60 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ду гӯштингири дигари тоҷик — Исматулло Абдуллоев (73 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






