Афзоиши муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар панҷ моҳи соли равон ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 38 ҳазору 510 нафар муроҷиат намудаанд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, ба дастгоҳи марказии хадамот 11 ҳазору 897 нафар шифоҳӣ, 123 нафар хаттӣ ва 1 ҳазору 538 нафар тариқи телефони боварӣ муроҷиат намудаанд. Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 4990 нафар, вилояти Хатлон-4756 нафар, ВМКБ -1095 нафар, шаҳри Душанбе 10597 нафар ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия — 1952 нафар муроҷиат кардаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






