Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда имрӯз зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Константин Жгенти -сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.+++++++++++++++++++++2 июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар қонун тадбирҳои ҳифзу таҷдиди таҳаввули ҳайвоноти ваҳшӣ, ҷойҳои доимии зисти онҳо, ҳамчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои шикор муайян шуданд.+++++++++++++++++++++Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумӣ оид ба машваратҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону ИМА ба манзури муайян намудани бахшҳои минбаъдаи ҳамкорӣ баргузор гардид. +++++++++++++++++++++Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи идораи амалиёти пулӣ, сарфаи вақт ва воситаҳои пулӣ дар бонки «Эсхата» хизматрасонии нави «Интернет-банкинг» барои шахсони воқеӣ ҷорӣ шуд ва он имконияти идораи мустақилонаро бо суратҳисоби бонкӣ аз минтақаҳои гуногуни олам пешбинӣ менамояд. +++++++++++++++++++++Бахшида ба 3000 — солагии Ҳисор ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дуюмин конфронси илмӣ-методии омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.+++++++++++++++++++++9 июн дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Ҷашнвораи байналмилалии «Сайри лола» баргузор мегардад, ки он бо ибтикори ҷамоаи тоҷикон дар вилояти Новосибирск таъсис ёфта, дар мавсими шукуфтани гули лола роҳандозӣ мешавад.+++++++++++++++++++++5 июни соли 2014 ба хотири Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, овозхони нотакрор, устод Зафар Нозим дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон шоми маҳфили гиромидошт баргузор мегардад.+++++++++++++++++++++Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 июн намоиши асарҳои рассомони тоҷик Олимҷон Исмоилов ва Эркин Суюнов таҳти унвони «Гӯшаҳои биҳиштии Ватан» доир мешавад.