Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Июнь 17, 2014 16:36

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Барномаи сафари расмии Сарвазири Покистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
+++++++++++++++++++++
Дирӯз дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пол Майлер масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо терроризм, хариду фурӯши одамон ва ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ шуданд.
+++++++++++++++++++++
19 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд, баргузор мегардад.    
+++++++++++++++++++++
18 июни соли ҷорӣ дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир мешавад.
+++++++++++++++++++++
Дар  ҷараёни  намоишгоҳи  байналмилалии  молу  маҳсулоти  истеҳсолкунандагони  Эрон-«Тоҷикистон — 2014», ки  аз  11  то  17  июни  соли  2014  дар  шаҳри  Хуҷанд давом кард, намояндагони аҳли  тиҷорати  Эрон  аз  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд» дидан намуданд.   
+++++++++++++++++++++
Назар ба қавли директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории  сил  Ӯктам  Бобохоҷаев дар  Тоҷикистон  чор  сол  боз аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ овардану паҳн  кардани  доруҳои  зидди  бемории  сил  манъ  шудаву  сар  аз  соли  2016 иҷрои  ин  вазифа  ба  уҳдаи  ин ниҳод хоҳад буд.
  +++++++++++++++++++++
Роҳбарияти  чор  тарабхонаи пойтахт — “Истаравшан”, “Самандар”, “Шаҳрисабз” ва “Помир” дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ-27 июн аз худ  ташаббуси эҳсонкорӣ нишон дода, барои 90 ҷуфт арӯсу домод хони тӯёна меороянд. 
+++++++++++++++++++++
16-17-уми июни соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо иштироки 25 давлати дунё ҷаласаи вазирони туризми ҷаҳон вобаста ба рушди минбаъдаи туризм ва ҳамкориҳо доир гардид. 
+++++++++++++++++++++
Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ доир ба мусоидат ба тиҷорат мавзӯи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. 
+++++++++++++++++++++
21-ум ва 22-юми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кишварии дзюдо миёни наврасони солҳои таваллуди 1997-1998 доир мегардад.
 
 

Июнь 17, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст