Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.
+++++++++++++++++++++
Имрўз зимни мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳамад Навоз Шариф маҷмӯи масоили ҳамкориҳои байниҳукуматии ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, энергетика, саноат, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
+++++++++++++++++++++
Тақвияти дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳа, хусусан парлумонии Тоҷикистону Русия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия қарор дошт.
+++++++++++++++++++++
Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия хоҳиш намудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани хадамоти тиббӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аҳамияти махсус зоҳир намояд».
+++++++++++++++++++++
Константин Ромадоновский -сардори Хадамоти Федералии муҳоҷирати меҳнатии Русия дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия бо таассуф гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳо кормандони Хадамоти мазкур ба ҷойи ҷазои сабук аз хориҷ намудани муҳоҷирон кор мегиранд.
+++++++++++++++++++++
Дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик мулоқот карда, таъкид кард, ки: «Масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русия ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».
+++++++++++++++++++++
Имрӯз дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо доир ба нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
+++++++++++++++++++++
Шашумин ҷаласаи Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ 17 июн дар Душанбе таҳти сарпарастии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардида, зикр шуд, ки он барои мусоидати муколамаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст.
+++++++++++++++++++++
19 июни соли 2014 дар меҳмонхонаи «Душанбе Сирена» муаррифии «Маҷмӯаи созишномаҳои Созмони Умумичаҳонии Савдо» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор мегардад.
+++++++++++++++++++++
Пагоҳ, 19 июн дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори таъсиси 80-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона доир мегардад








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






