Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Июнь 20, 2014 17:01

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав оғоз бахшид.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, бинои иловагии таълимии онро ифтитоҳ намуд ва бо шароити дар он муҳайёгардида бевосита шинос шуд.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
+++++++++++++++++++++
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 20 июн ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  тағйиру иловаҳо ворид намуда, онро ба низоми Маркази миллии тестӣ мутобиқ намуданд.  
+++++++++++++++++++++
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов зимни иштирок дар 41-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои муҳими олами ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин, ихтилофи ақоидӣ дар доираи як мазҳаб, пуштибонии пешниҳод ҷиҳати таъсиси Маркази гуфтугӯи мазҳабҳо баён намуд.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Саҳми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Агентии  омори  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маҷмӯаи  ҳармоҳаро дар  бораи  вазъи  иҷтимоию  иқтисодии  кишварро чоп кард, ки дар он нишондодҳои  асосии иҷтимоию  иқтисодӣ тайи  моҳҳои соли  ҷорӣ  ва  соли  гузашта  оварда шудаанд.
  +++++++++++++++++++++
Зимни баргузории маросими супоридани медалҳои ҷашнии «70-солагии озод  кардани Ҷумҳурии Беларус» дар сафорати Беларус дар Тоҷикистон 5 шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкати фаъол дар озод  кардани Беларус соҳиби медали ҷашнӣ  шуданд. 
+++++++++++++++++++++
Имрӯз дар шаҳри Қайроққум Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» оғоз ёфт.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз, 20 июни соли равон дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ки мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 аз 4-ум то 13-уми октябри соли равон дар Шри-Ланка баргузор мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Июнь 20, 2014 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд