Аловиддин Абдуллоев бо “Шукри Ваҳдат” ба Чкалов рафт

Июнь 6, 2014 15:48

Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳунармандони театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдулоев бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Чкалов сафар намуданд.
Ба иттилои масъулини театри мазкур барномаи ҳунарии ҳунармандони театр бахшида ба Рӯзи Ваҳдат таҳти унвони “Шукри Ваҳдат” дар театри ҷумҳуриявии русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкини шаҳри Чкалов манзури сокинони шаҳр гардонида шуд, ки онро мухлисон хеле хуш истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ин сафари ҳунармандон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз барномаи ҳунарии ҳунармандон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров манзури тамошобинон гардонида шуд.
 

Июнь 6, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад