Амалиёти “Кӯкнор-2014” дар пойтахт
Душанбе, 02.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- То 30 ноябри соли равон дар пойтахт амалиёти “Кӯкнор-2014” гузаронида мешавад. Ҳадафи ин амалиёт ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт аст. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати назорати амалиёти “Кӯкнор-2014” дар пойтахт ситоди кории шаҳрӣ таъсис шудааст. Ҳамзамон тибқи ин қарор сохторҳои марбутаи қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар пойтахт муваззаф гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо ситоди шаҳрӣ нақшаи кори ситодро таҳия намуда, гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро барои муоинаи заминҳо дар пойтахт таъсис намоянд. Ситоди шаҳрӣ уҳдадор аст, ки аз натиҷаи фаъолияти амалиёт то 15 июл ва 1 декабри соли 2014 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои андешидашуда гузориш пешниҳод намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






