Анҷуман ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳам овард
Душанбе, 16.06.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар Анҷумани VII-уми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ХК СММ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ) доир гардид, зиёда аз 150 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндагиҳо аз дастгоҳи Президенти Ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат варзиданд.
Дар рӯзи саввуми анҷуман раҳбарони як силсила ташкилотҳои ҷамъиятӣ, минҷумла Ташкилоти ҷамъиятии “Шото”, “Ташаббусҳои ҷавонони Тоҷикистон”, “Сайёр, “Ваҳдати ҷавонон” ва “Занони Шарқ” роҷеъ ба дастовардҳо ва натиҷаи татбиқи лоиҳаҳое, ки дар доираи «Барномаи миллии рушди ҷавонони Тоҷикистон» дастгирӣ ёфтаанд, сухан гуфтанд.
Дар доираи анҷуман ҳамчунин намоиши дастовардҳои ташкилотҳои кор бо ҷавонон созмон дода шуд.
Ёдрас мекунем, ки аз 11-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар урдугоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Анҷумани VII-уми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






