Анҷумани соҳибкорон анҷом ёфт
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Анҷумани дурӯзаи соҳибкорон, ки дар он истеҳсолкунандагон, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва ниҳодҳои байналмилалии USAID, Барномаи ҳамкории СММ, Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон ширкат доштанд, корашро анҷом дод. Анҷуман бо ибтикори лоиҳаи USAID оид ба рушди савдо ва фоида, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва мусоидати Маркази байналмилалии савдо дар ҶТ роҳандозӣ шуд.Мақсад аз анҷуман барқарор намудани равобити байни соҳибкорон, баланд бардоштани рақобарпазирии содирот, рушди савдо, афзун намудани муомилоти мол, беҳбуди мушорикати соҳибкорони Осиёи Марказӣ буд. Анҷуман бо имзои қарордодҳои нави тиҷоратӣ ва намоиши намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва косибон анҷом ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






