Анҷумани созмонҳои ҷавонон дарҳояшро боз мекунад
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ якҷоя бо Хазинаи ҷавонии кӯдакони СММ ва Иттиҳодияи миллии ихтиёриёни Тоҷикистон аз 11 то 14 июн дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд Анҷумани созмонҳои ҷавонони Тоҷикистонро доир менамояд.
Тавре ки аз маркази матбуоти кумита хабар доданд, дар анҷуман 130 нафар вакилон аз ҷумлаи роҳбарону аъзои Иттиҳодияи миллии ихтиёриён, намояндагони ҷавонони фаъол, сиёсатмадорон, аъзои маъмурияти Президент, вакилони палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҶТ, намояндагони муассисаҳои умури ҷавонон, занон, васоити ахбори омма, ходимони ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок менамоянд.
Дар ҳошияи анҷуман машварату иҷлосияҳои махсус дар мавзӯи таълими духтарон, ташаккули низоми рушди ҷунбиши ихтиёриёни Тоҷикистон, таҳкими нерӯи созмонҳои ҷавонон баргузор мешаванд.
Мақсад аз анҷуман водор намудани созмонҳои ҷавонон ба мусоидат ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар демократикунонии ҷомеа, ташаккулу таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии ҷунбишҳои ихтиёриён ва ғайра мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






