Анҷумани созмонҳои ҷавонон дарҳояшро боз мекунад

Июнь 10, 2014 15:43

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – Кумитаи ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди Ҳукумати  ҶТ якҷоя бо  Хазинаи ҷавонии  кӯдакони СММ ва Иттиҳодияи  миллии  ихтиёриёни  Тоҷикистон  аз  11  то 14  июн  дар  шаҳри  Қайроқуми  вилояти  Суғд Анҷумани  созмонҳои  ҷавонони Тоҷикистонро  доир  менамояд.
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти  кумита  хабар  доданд,  дар  анҷуман  130  нафар  вакилон  аз ҷумлаи  роҳбарону аъзои Иттиҳодияи  миллии   ихтиёриён,  намояндагони  ҷавонони  фаъол,  сиёсатмадорон, аъзои маъмурияти Президент, вакилони палатаи  поёнии  Маҷлиси   Олии  ҶТ,  намояндагони  муассисаҳои умури  ҷавонон,  занон,  васоити  ахбори омма,  ходимони  ҷамъиятӣ ва  коршиносон  иштирок  менамоянд.
Дар  ҳошияи  анҷуман  машварату иҷлосияҳои  махсус  дар  мавзӯи  таълими   духтарон, ташаккули  низоми рушди ҷунбиши ихтиёриёни Тоҷикистон,  таҳкими  нерӯи  созмонҳои  ҷавонон  баргузор мешаванд.
Мақсад  аз  анҷуман водор  намудани созмонҳои  ҷавонон  ба  мусоидат ва  иштироки  фаъолонаи  ҷавонон  дар  демократикунонии ҷомеа, ташаккулу таҳкими  заминаи  меъёрию  ҳуқуқии ҷунбишҳои  ихтиёриён ва  ғайра мебошад.
 
 

Июнь 10, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад